БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ОМӮЗГОРОН ДАР КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ ОБОДОНӢ НАЗАРРАСАНД

КӮШОНИЁН. Бо ташаббуси омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 - и ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" корҳои ободонӣ гузаронида шуд.

Омӯзгорон дар назди муассисаи худ дарахтони ҳамешасабз, мевадиҳанда, гули лола ва дигар гулҳои мавсимиро шинониданд, ки ин ба ҳусни муассиса  як ҳусни зебоеро бахшид ва кас аз диданаш ӽаловат мебарад.

Бояд тазаккур дод, ки дар  рафти аксияи мазкур омӯзгорон  бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва баҳри боз ҳам зебо гаштани муассисаи саҳми босазои худро гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg