БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон нерӯи бузурги созанда мебошанд

Н.ХУСРАВ. Бо  мақсади  баланд  бардоштани  мақоми   ҷавонон  имрӯзҳо   дар  ҳамаи  шаҳру  навоҳии  Ватани   азизамон  чорабиниҳои гуногун   баргузор  гардида  истодааст.

Тибқи  нақшаи  чорабиниҳои  тасдиқшудаи  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав бо  ибтикори  бахши  намояндагии  ТҶҶ «Созандагони  Ватан» бо  мақсади дар  руҳияи хештаншиносию  ватанпарастӣ тарбия  намудани  насли  наврас  Аксияи  ҳизбӣ  таҳти  унвони    «Тараннуми  ҷавонӣ ва саодат»   дар варзишгоҳи   муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии № 10-и ҷамоати деҳоти  Наврӯз  бо  иштироки ҷавонону  наврасон    баргузор  гардид.

Ҷавонону наврасон   дар  чорабинӣ  ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузоштанд, ки аз  ин намоишгоҳ иштирокдорон дидан карда ба онҳо баҳои баланд доданд.

Чорабинии фарҳангӣ  бо шукргузорӣ аз сулҳи пойдору Ваҳдати миллӣ дар кишвар ва бо рақсу сурудҳои дилнишину ҷаззоб иштирокдорон хотири ҳамагонро шод гардониданд.  

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg