МУЪМИНОБОД. Бо истиқоматкунандагони деҳаи Сангдараи болои ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Муъминобод вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов, муовини раиси Кумитаи иҷроия Гулсунбӣ Раҷабова ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар маҷлис самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии муҳтавои мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар, мубориза бар зидди терроризм, муқовимат бо коррупсия, афзоиш додани сафи ҳизб, зиёд намудани шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, рушду равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ баррасӣ карда шуданд.