КӮШОНИЁН. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.
Дар маҷлис Вализода Икромиддин Сироҷиддин раиси ноҳияи Кӯшониён, Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, вакилон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва котибони ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок доштанд.
Рӯзномаи маҷлис аз шаш масъала, аз ҷумла ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли оянда, натиҷагирӣ аз ҷамъбасти обуна ба нашрияи ҳизбии «Минбари халқ», ҷамъбасти муқоисакунии аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, таҳлили фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён барои соли 2021 ва ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва раёсати он мавриди барассӣ қарор гирифтанд.
Баъд аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар бораи аксияҳои ҳизбӣ ва саҳмгузории вакилон дар аксияҳои ҳизбӣ, омодагиҳо ба таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохти саривақтии ҳиққи узвият ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карда, иброз дошт, ки мо бояд аъзои ҲХДТ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии Барномаи ҲХДТ камари ҳиммат баста, Пайравони асили Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем.