БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - РАҲНАМОИ ХАЛҚ

АНДЕША. Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, муассисаву ташкилотҳо ва ҳаёти халқ рӯйдоди  муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳамасола мардуми сарбаланди Тоҷикистон бесаброна онро мунтазир мешаванд ва бо ҳиссу масъулияти баланд қабул менамоянд.

Санаи  26 январ  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон дар Кохи "Сомон"- и шаҳри Душанбе ироа гардид. Паём аз тарафи тамоми шабакаҳои телевизион ва радиои кишвар мустақиман пахш гардид. Тамоми сокинони мамлакат, аз ҷумла кормандони тамоми корхонаву ташкилотҳо, хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва олии касбӣ Паёми Пешвои миллатро дар фазои мусоид тариқи оинаи нилгун шуниданд. Воқеан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳояшон халқи тоҷикро ба некиву накӯкорӣ ва муваффақияту комёбиҳо баҳри пешрафту шукуфоиҳои давлати азизамон раҳнамун месозанд.

 Бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони ниҳоят душвори пандемия тамоми тадбирҳои зарурӣ аз тарафи ҳукумати кишвар амалӣ гардида, устувории муносибатҳои макроиқтисодӣ таъмин гардид. Бо вуҷуди оне, ки пандемияи covid-19 ба иқтисодиёти тамоми кишварҳои ҷаҳон таъсири манфӣ расонид. Зимни ироаи Паёмашон Пешвои миллат иброз доштанд, ки иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5% афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар шуд.

 Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.

Ташаббусҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" шаҳодати арҷгузорӣ ва эҳтироми Пешвои миллат ба адабиёт ва фарҳангу санъат аст. Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ба хотири бештар ба омӯзиши илмҳои табиӣ ҷалб кардани ҷавонону наврасон озмуни умумиҷумҳуриявии "Илм -фурӯғи маърифат" гузаронида шавад, ки ин иқдом боиси дастгирист.

Беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, Сарвари давлат роҳбарони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дигар вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки фаъолияти худро оид ба ҷалби сармояи мустақим, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, бахусус, ҷиҳати ҷорӣ кардани расмиёти электронии баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дар ин раванд бартараф намудани омилҳои субъективӣ густариш диҳанд. Инчунин, бо дарназардошти соли ҷамъбастии ташаббуси «Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», аз тарафи Пешвои миллат Кумитаи рушди сайёҳӣ, дигар сохтору мақомоти марбута, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки доир ба афзоиш додани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди кишвар ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо, дарёфти роҳҳои нави ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ, бахусус, рушди сайёҳии дохилӣ чораҳои аввалиндараҷа андешанд.

Президент ба аҳли толор таъкид намуданд, ки ҳамеша бо  халқ ва  дар паҳлӯи халқ бошанд. Ин чанд нукта, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудем, ки қатрае аз дарёст. Боварӣ дорем, ки аз ин Паём то Паёми дигар тамоми нақшаҳо ва пешниҳодҳо амалӣ гардида, сатҳи нишондодҳои афзоишу пешрафт боз ҳам зиёдтар мегардад.

Хидиров Баҳодур,  мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ш. Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg