БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИҲИШТ ЗЕРИ ҚУДУМИ МОДАРОН АСТ

АНДЕША. Мувофиқи моддаи 17-уми Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон занон ва мардон баробарҳуқуқанд. Конститусия ҳамаи ҳуқуқ ва озодиҳои занонро баробари ҳуқуқу озодиҳои мардон кафолат медиҳад ва ҳимоя менамояд. Фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3-юми декабри соли 1999 Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа дар таъмини иштироки занон дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти калон дорад.

Маҳз бо дуои модар мо хушбахту сарбаланд ва соҳиби илм мешавем. Зан- модар эҳёгар, офарандаи ҳаёт ва тарбиятгари насли наврас ба ҳисоб меравад. Маҳз зан - модар аст, ки моро ба воя мерасонад. Зан шоҳсутуни зиндагист баҳри насли худ. Ҳамин аст одаму олам назди пойи зан-модар сари худ ба саҷда фурӯд меоваранд. Бо вуҷуди ҳамаи ин модар бахшандаву меҳрубону поквиҷдон, навозишкору шукргузор аст. Маҳз ҳамин хислатҳои неки зан-модарро шоирон гирифта рӯйи саҳфаҳои сафед бо ҳазорон нақшу нигор рангрезӣ кардаанд.   

Якшаба он ранҷ ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон бар кашид.

Оре, модар шабзиндадор аст баҳри фарзанди худ то фарзандашро ба воя бирасонаду аз ин меваи босамар овардааш бичашад. Фарзандон беҳтарин неъмате ба шумор мерванд баҳри модар ва ҳадяи беҳтарину беарзише аз тарафи Худованд бар модар. Модарон дар ҳама пастиву баландиҳои зиндагӣ тоб меоранду мекушанд то ки фарзандашро аз вартаи бадӣ наҷот диҳанду то ин ки роҳи бад нараваду ҳамеша роҳӣ некро интихоб кунад. Ҳатто як ҳикояе ҳаст, ки он дар бораи раҳмдилии «Модар».

«Фарзанде буд бадхоҳу бадкирдор ва аз модари хеш дилашро талаб мекард. Чун модар барои нашикастани қалби фарзанд ҳама корро мекард синаи раҳм бидаронд ва қалбашро ба рӯи дасти фарзанд гирифта гузошт. Фарзанд чун хушҳолии дили хеш бидавид ва пояш ба санге бархурду ба замин афтод. Дар ҳамин лаҳза ки қалби модар дар дасти фарзанд буд оҳи ҷонсӯзе кашиду фиғон зад Худоё кош фарзандам осебе надида бошад». Ҳамин аст бузургии модарон ва бахшояндагии ӯ. Дар баробари ин ҳама заҳмату меҳнатҳою шабзиндадориҳои модарони хеш мо бояд ҳамеша аз пайи ба даст овардани дили онҳо бошему доимо баҳри хизматашон омода бошем. Агар дар оила  сараввал модарон меҳрубон мушфиқу ғамхор бошанд аз ӯ фарзанди нек ба воя мерасад. Пас модар будан кори осон набудааст. Моро мебояд ки тарбияро аз домони модари хеш бигирем. Агар мард сардори оила бошад, пас, зан тарбиятгар ва нури чароғи хонадон аст.

Мард бошӣ байрақи болои сар кун номи зан,

Сабт дар боби зафар бо хати зар кун номи зан.

Номи зан то осмон бардор дар болои сар,

Машъали тобанда чун шамсу қамар кун номи зан.

Мо чанде дар бораи меҳру муҳаббати модарон сухан гӯем, шеър хонем, тарона сароем, боз ҳам дар назди модар кам аст. Мо бояд, шукургузор аз ҳастии модарон кунем, чунки онҳо барои мо шахсони қиматбаҳоянду меҳмони хонадони ҳар яки мо дар ин дунёи дурӯза ҳастанд. Модарони мо дар вақти кӯдакиямон нозбардори мо ҳастанд ва мо бояд дар вақти пирияшон нозбардори онҳо бошем.  Ҳатто дар замони паёмбарамон (с.а.в.) азалати зан-модарро бузургтарин мартабаро доро будааст.Чун ки «Марде назди паёмбар (с.а.в.)  омад ва пурсид –Ман чӣ коре карда метавонам барои охиратам.

Паёмбар гуфт. Рафта хизмати модаратро бикун» ва дуюмбора боз омаду мард боз ҳамин саволро ба паёмбар дод ва боз ҳамин посухро гирифт.

Боз дигарбора ба назди паёмбар омаду боз ҳамин посухро гирифт. Бори охирин  мард ба назди паёмбар омад ва ҳамин саволро бидод ва чунин посух гирифт.«Бирав хизмати падари худро бикун». Аз ин маълум мешавад, ки беҳуда нагуфтаанд.

«Биҳишт зери қудуми модарон аст».

Модар дар ҳақиқат олиҳаи ҳусну зебоӣ атокунандаи меҳр азизтарин инсон дар рӯи замин аст.Танҳо модар метавонад ба рӯи гаҳвораи фарзанд бедор нишинад бо дидаи бехоб ва бо лаҳни дилнишин аллаи пурмеҳру муҳаббат бихонад.

“Садои Шумо модар ҳамарро мафтун кардааст. Модар! Шумо беҳтарини беҳтаринҳоед, Шумо бузургтарини бузургонед, Шумо азизи дилу дидаҳоед. Модарҷон оҷизи мекашам назди илтифоти ту, назди меҳрубониҳову навозишҳои ту, назди бузургиат. Соатҳо ситоишат созам, моҳҳо бароят бихонам, солҳо васфат намоям ин ҳама кам аст. Модар! Ту нодиртарин нобиғаӣ, гаронбаҳотарин сарвати, зеботарин олиҳаи, беҳтарин гавҳарӣ, ту чароғи фурӯзонӣ, дар шабистонӣ зиндагӣ ки роҳи умри фарзандонро равшан менамоӣ. Модарҷон-мисли гулҳои баҳорӣ шукуфон бошию ва дар лабонатон ҳамеша ханда ҳувайдо бошад”. Бузургон гуфтаанд, дар хонае зан-модар нест хушӣ ва рӯшноӣ вуҷуд надорад, бинобар ин занон шамъу чароғи хонадонанд. Бале агар модари азизи мо дар хона шамъу чароғи хонадони мо бошад, сипас муаммои азизамон дар мактаб дар синфамон ҳамчун чароғи фурӯзон  ва равшангари дилҳои мо-толибилмон мебошанд. Ман аз чунин омӯзгорон мефахрам шукр аз он мекунам ки дар давраи истиқлолият зисту зиндагонӣ дорам ва ифтихор аз он мекунам, ки дар мактабе, ки таҳсил дорам чунин устодони ғамхору дилсӯз кор мекунанд. Модар-зан аст. Зан бошад олиҳаи ҳусну малоҳат. Адибону олимону ва бузургони дунё дар васфи зан- модар бисёр суханҳои меҳрубон гуфтаанд. Ҳамаи ашёи олам зебост аммо аз тамоми мавҷудоти олам зеботару волотар аст.Модар ҳаст ки мо ҳастем. Кист он касе, ки суруди аллаи модарро нашунида бошад. Калимаи модар калимае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон як хел оҳанги навозишкорона дорад. Модар! Бе ту ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайз нахоҳад буд.Файзи зиндагонии мо Шумо ҳастед.

Модар ситораи зиндагӣ, ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру ҷило мебахшад.Офтобест, ки лаҳзае аз болои кӯҳе баромада, дунёро равшанию ҳаёт мебахшад. Модар ба қавли бузургон бо як даст гаҳвора, бо дасти дигар дунёро такон медиҳад. Аз бисоти бузургаш ба фарзандон шири сафед медиҳад, то ки дар зиндагӣ роҳи сафеду бахти сафед ёраш бошад. Барои ба тарбият ба воя расонидан ва ба обрӯ гардиданаш кӯшиши зиёде мекунад. Даме тифлаш роҳгардон мешавад модар мефахрад.Даме, ки аввалин сухани бузург  Модарро ба забон меорад, модар бештар хушҳол гашта мефахрад, ки чун муъҷизоти пурафзуни инсони комилро офаридааст. Модарам ту ягона вуҷудаму рафиқам, эҳсону дастгирам дар парешонҳолӣ  шарикам дар ғаму андуҳ лаззатам дар ҳаёту роҳатам дар мамот ту табассуми ҳаётбахши сари гаҳвораю суруди ҷаҳонгири саҳаргоҳам.

Аё модар! Туро ёд кардам дар танҳоӣ чашм мепӯшам ва садои хандаҳоят ба гӯш мерасад. Вақте чашм мекушоям, садоят хомӯш мегардад зеро ин садо тасаввур аз хотиротам буд.Туро ёд кардам модар чӣ гуна суханҳое бароят бигӯям, то ту дар наздам ҳозир шавӣ ва туро оғӯш гирам сарамро болои китфонат гузораму роҳат кунам.

Оҳ модар! Чашмонам аз ёди ту ҳамеша нам ҳастанд.Чӣ қадар вазнин,  чӣ қадар мушкил ин дурӣ аз ту,  туро ёд кардам. Биё модарҷон, даст бар сарам гузору дили мисли мавҷҳои дарё пурталотум гаштаамро ором намо биё, ки ман бо ту розӣ дил бигӯям.

Зан набошад зебу зиннат нест дар маъвои мо,

Ҳуш дар сар равшанӣ дар дидаи бинои мо.

Зан набошад нест дар рӯи замин нақши ҳаёт,

Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пайи мо.

 

Парвина Ғаффорова, омӯзгори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg