БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАСЪУЛИЯТРО БАЛАНД МЕСОЗАД

АНДЕША. Саҳми Пешвои миллат дар эҳёи давлатдлории миллӣ калон аст. Ин тарафи фаъолияти Президент ба шарҳи зиёдтар ниёз дорад ва олимону таърихшонсон ва ҷомеанигорону  сиёсатмадорон ба ин паҳлӯи кори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қалби мардум орзуву ҳаваси зиндагии дубораро бедор менамояд, камтар таваҷҷуҳ кардаанд. Агар таҳлили сатҳӣ дар ин робита анҷом дода шавад, дида мешавад, ки дар тӯли 30 сол даҳҳо шарҳраку деҳаҳои навсохт бино шуданд ва зербинои иҷтимоӣ ва иқтидори некӯаҳволии мардумро бамаротиб боло бурданд, маҳз аз эълони Паёмҳои ҳарсола оғоз меёбад.

Мардуми барҷомонда, тифлони гирён ва сокинони рӯ ба раҳми Худо бо расидани нахустин Паёми Президент куллан тағйир меёбанд, шодиву табассум дар лабони онҳо пайдо мешавад ва дурнамои ҳаёту мамоти худро равшан мебинанд. Ин фарҳанги волои Пешвои миллат аз мардумӣ будани шахсияти Президент далолат мекунад, зеро мардум бо бархӯрди самимӣ ва ихлосмандона камар баста, вайронаҳоро обод ва бо риштаи кандашудаи зиндагиро умри дубора мебахшанд.

Тарафҳои мусбати Паёми имсола дар муносибати содаву оддӣ бо халқ зуҳур меёбад. Вақте ки мардум мебинад, ки дар рӯ ба рӯяш нафаре ҳаст, ки аз ниёзҳои оддии ӯ хабар дорад, бо забони фасеҳ ва шево сухан мегӯяд, ки ба шахсияти Пешво эътиқоди холисона пайдо мекунад.

Ҳамин бархӯрди самимӣ аст, ки мардум деҳаҳоро бо номи «Раҳмонобод» номгузорӣ мекунанд ва дар таҳти ин исмгузорӣ арҷгузории таърихии мардум ба раҳбари одил ва тавонояшон аст, ки тавонистааст бо заҳматҳои шабонарӯзӣ дил ва меҳри мардумро ба даст оварад. Эътирофи халқ ба ростӣ эътирофи таърих аст. Таърих бошад гувоҳ аст, ки раҳбарони одил ва накӯманзар ҳамеша дар дилу дидаҳои халқ умрбод қарор мегиранд,  ба ҳукми одилона номашон бо некӣ зикр мешавад. 

Зеро гуфтаанд, ба ҷоий лаънат фиристодан ба торикӣ  шамъеро равшан намо, то роҳи мардумро барои дуриҳои лаззатбахш шӯълавар созӣ. Паём армуғоне аз равшаноист.

Саидов Умар,  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳри  Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg