ДӮСТӢ. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки намояндаи КИМ ҲХДТ Наимов Маҳмадулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Одиназода Ҳуснигул ва узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Дӯстӣ Н. Саидзода баргузор шуд. Дар маҷлис интихоби ҳайати раёсат, котибот, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021 баррасӣ гардиданд.
Дар рафти маҷлис Одиназода Ҳуснигул аз фаъолияти пурсамари Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар соли 2020 баромад намуд, ки аз ҷониби аъзои раёсат фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли сипаришуда қаноъатбахш шуморида шуд. Инчунин, дар маҷлис намояндаи КИМ ҲХДТ Наимов М, раиси ноҳияи Дӯстӣ Н. Саидзода ва корманди Кумитаи иҷроияи ноҳия С. Зоиров дар масъалаҳои дахлдор баромад намуданд.