БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ШУКУФОИИ ВАТАНИ АЗИЗАМОН САҲМИ ХУДРО МЕГУЗОРЕМ

ВОСЕЪ. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи  А.Рӯдакӣ бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани идҳои миллӣ ва дар пасманзари он омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ гузаронида шуд.

Шанбегӣ бо ҷалби сокинони меҳнатдӯст гузаронида шуда, дар он баҳри намои зебо ғасб намудани деҳот ва дар ин ҳошия  ободу зебо ва шукуфон намудани диёри азизамон- Тоҷикистон, гирду атрофи хонаҳо аз хазонҳо ва алфҳои бегона тоза ва бехи дарахтон ва гулҳои ороишӣ  нарму мулоим  карда шуданд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки бо мақсади дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чунин шанбегиҳо мувофиқи нақша бо ҷалби сокинони меҳнатдӯст мунтазам гузаронида мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg