ВОСЕЪ. Бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов бо аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси олии кишвар вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулини ҳизбӣ қайд намуданд, ки Сарвари давлат дар ироаи Паёми имсола аз он қаноатмандӣ намуданд, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун неруи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд.
Бинобар ин зарур аст, ки минбаъд худи мо ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошем, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ намоем, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошем, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ дорем ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоем.