БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ МАН ДАР ПЕШРАФТИ ВАТАНАМ!

ВАХШ. Бо иштироки  кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Молия» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона дар якҷоягӣ бо  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш доир карда шуд.

Зимни баргузории корҳои ободонӣ  заминҳои атрофи бинои ташкилоти ибтидоии мазкур нарму мулоим карда шуда, гулҳои ороишии рангорангу хушбӯй шинонида шуданд.

Пас аз анҷоми корҳои ободонӣ  намояндагони ҳизбӣ вобаста ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ  суҳбату вохӯрӣ анҷом доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg