БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ

ВАХШ. Дирӯз бо иштироки масулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ҷиҳати расонидани нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи сарфакорона истифодабарии неруи барқ, муҳофизат аз бемории Ковид-19 мулоқоту вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Бешбулоқи Ҷамоати деҳоти Машъал баргузор гардид.

Масулин зимни мулоқот сокинонро таъкид карданд, ки сарфакорона истифода бурдани неруи барқ дар вазъияти имсола ягона тадбир аст, ки моро метавонад аз буҳрон раҳоӣ бахшад. Тамоми мушкилот осон мегардад ба як шарте, ки агар мо неруи барқро сарфакорона истифода барем ва маблағи истифобурдашудаи онро сари вақт пардохт намоем.

Дар фарҷоми чорабинӣ бошад ба сокинон варакаҳои иттилоотӣ  ҷиҳати риояи қоидаҳои муҳофизат аз бемории Ковид-19 ва муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик доир ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дастрас гардид.

Бояд қайд кард, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» дар деҳаи мазкур бо ҷалби сокинон 8 синфхонаи иловагӣ бо тариқи ҳашар дар рӯзҳои наздик сохта ба истифода дода мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg