ВИЛОЯТ. Санаи 8 феврали соли равон дар асоси нақшаи кории маҳфили “Волонтёрони ҳизбӣ”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар баҳри беҳдошти фазои экологӣ ва даъвати сокинон барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳит, аксияи волонтёрон-экологҳо дар боғҳои шаҳри Бохтар гузаронида шуд.
Дар рафти гузаронидани аксия волонтёрон бо шахрвандон оид ба муҳимияти тозагӣ суҳбат карда боғу гулгаштҳоро аз коғазпораҳо тоза намуданд, онҳоро ба тоза нигоҳ доштани ҷойҳои ҷамъиятӣ даъват карданд.
Шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон