БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА БАРГУЗОР ГАРДИД

ДАНҒАРА. Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара гузаронида шуд, ки дар кори он аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолон ва вакилони ноҳиявӣ, ҳамчунин аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, ректори Донишгоҳи Давлатии Данғара Шоҳиён Нуралӣ Набот, муовини аввали раиси ноҳияи Данғара Шарифзода Ҷамшед, муовини раиси ноҳия Файзиддинзода Бунафша иштирок доштанд.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад кушод ва рӯзномаи маҷлис, ки аз  аз 5 масъала иборат буд, барои  тасдиқ пешниҳод намуд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома оид ба  фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 раиси Кумитаи иҷрорияи ҲХДТ дар ноҳия Каримзода Пирмуҳаммад гузориш дод.

Дар муҳокимаи масъала раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Нури Истиқлол” Азизов А., “Коллеҷи тиббӣ” Ризоев М. баромад намуданд.

Дар маҷлис нақшаи кори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои соли 2021, тасдиқи буҷа, тасдиқи нақша – чорабиниҳо вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ  ва хориҷии кишвар” ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ баррасӣ карда  шуданд.

Дар ҷамъбасти маҷлис аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ба як қатор роҳбарони ташкилоту муаасисаҳои ноҳия, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳми назаррас гнузоштанд, бо  Ифтихорномаи ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg