АНДЕША. Санаи 26 январи соли ҷорӣ мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тамошо намудем. Паёми Президент фарогири паҳлуҳои гуногуни ҳаёт, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, фарҳанг ва дигар соҳаҳои муҳим мебошад.
Зимни ироаи Паём ҳамчунин Пешвои миллат дар бораи нақши занону бонувон дар рушди шукуфоии мамлакат ва масъулиятшиносиву кордонии онҳоро иброз намуда, таъкид карданд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва бештар ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҷалб намоянд. Бо ин мақсад ба Кумитаи кор бо занон ва оила лоиҳаи Қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021-2025» таҳия ва пешниҳод намуданро супориш дода шуд.
Ман ҳамчун фаъолзан ва вакили халқи ноҳия аз ин дастгириҳои сарвари давлатро бо руҳияи баланд ифтихор дошта, тасмим гирифтам, ки ин Паёми президентамонро барои ҳаётамон дастур дониста, дар амал дар ҳамаи самтҳои ноҳия, ҷамоат ва маҳал саҳми арзандаи худро мегузорам. Инчунин барои муносиб пешвоз гирифтани сиюмин солгарди Истиқлолу озодии ватани азизамон кушишу ғайрати худамро равона месозам.
М. Эшбекова, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ