БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ ДУРУСТ - ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

ФАРХОР. Бо мақсади тарғибу ташвиқи пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, самаранок истифодабарии қувваи барқ ва ҳамзамон, шарҳи самтҳои афзалиатноки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархор  ноҳия гардиш доир намуданд.

Зимни суҳбат бо оилаҳо масъулин бо иқтибосҳо аз Паёми Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Дар соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои муассисаҳои тиббӣ дар ҳаҷми қариб 1 миллиард сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ, доруворӣ ва маводи муҳофизатӣ харидорӣ карда шуд.

Дигар самти афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ мебошад.  Бо ин мақсад, дар соли 2020-ум 108 иншооти нави тандурустӣ бунёд ва 283 иншоот аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир сироятёбӣ бо барангезандагони ҳар гуна бемориҳо ба яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст.

Пас андешарониҳо  аз тарафи масъулин варақа-таъкидҳо ва ба ашхоси ниёзманд ниқобҳои тиббӣ дастрас карда шуд.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg