БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ДАСТУРАМАЛИ СОЗАНДА

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва намояндагони халқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда, зимни он вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро дар соли 2020 ҷамъбаст ва барои соли 2021 дар давраи миёнамуҳлати оянда муайян намуданд.

Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон воридшавии кишвари азизамон ба марҳалаи нави рушд, ба сӯи ояндаи ободу осуда, бо қадамҳои устувор пеш рафтани мардуми шарифи Тоҷикистон ва таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа, ободиву пешрафти кишварро дарбар гирифта, таъкид гардид, ки «Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ-сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад».

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нахуст нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳуриро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, зикр намуданд, ки пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд. Ва бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ карда шуданд.

Аз ҷумла, тазаккур дода шуд, ки дар навбати аввал, бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид гардид.

Ҳангоми баёни Паём бори дигар собит гардид, Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хосса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ амалӣ менамояд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доим дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Дар воқеъ, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Таъкид гардид, ки «Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад».

Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Ин аз баробарҳуқуқии занону мардон дар ҷомеаи Тоҷикистон дарак медиҳад.

Паёми Сарвари кишвар пайғоми созанда мебошад. Бояд мо сокинони Ватан дар атрофи чунин Сарвар муттаҳид шуда, барои Ватани ободу осоиштаи хеш аз сидқи дил саҳмгузор бошем ва пешниҳодотро бечунучаро иҷро намоем. Зеро ҳама суханони дар Паём дарҷёфтаи Президент ба манфиати халқу миллат ва сокинони Тоҷикистон равона шудааст.

Дар ин замина, агар ба мушоҳида гирем, эҳсос мешавад, ки дар Паём ҳама ҷанбаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ инъикос гардидаанд. Махсусан, болоравии сифати таълиму тарбия аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии давлат дар соҳаи маориф маҳсуб мегардад. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои аҳли маорифро барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони касбӣ дар рақобат ба бозори меҳнат муайяну мушаххас намуд.

Дар Паёми Сарвари давлат сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ вазифадор карда шуданд, то бо ҷинояткорӣ муборизаи беамон баранд. Зеро муқовимат бо ифотгароӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ вазифаи ҷонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад ва Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики табиии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Кулли мардуми тоҷик таъкидҳои дар Паём омадаро барои давлату миллати тоҷик муҳим мешуморанд.

Бояд тазаккур дод, ки Паёми Президент ҳаёти ҷомеаро ба дигаргуниҳои куллӣ роҳнамоӣ менамояд ва дар асоси он давлату ҷомеаи навини тоҷикон рушду такомул меёбад. Ҳадафи асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ низ маҳз ҳаминро дар бар мегирад, ки мардум ба зиндагии арзанда ва шоиста бирасанд.

Таварзода  Азизҷон  Раҷабалӣ, мутахасиси шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ш. Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg