ЛЕВАКАНТ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» ба аъзои нави ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбиро дар вазъияти тантанавӣ супориданд.
Дар натиҷаи бурдани корҳои ташвиқотиву тарғиботи оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб аз ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён», 8 нафар мураббиёну кормандони Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №3-и шаҳр барои шомил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешнгиҳод карда буданд, ки онҳо бо камоли эҳтиром ба сафи ҲХДТ пазируфта шуданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба мулоқоти Сарвари давлат бо намояндагони ҷомеаи кишвар суханронӣ карда, ҳамзамон кормандон ва аъзои ҳизбро бо моҳи шарифи Рамазон табрик намуда, таъкид доштанд, ки ташаккулёбии миллати аз назари ҳуввият баркамолу худшинос ва худогоҳу соҳибмаърифат кори саҳлу осон нест, балки раванди бардавому тӯлонии пешбурди корҳои тарбиявӣ дар оила, боғчаи кӯдакона, мактабу донишгоҳҳо, вазифаи доимии хизматчиёни давлатӣ, зиёиёну олимон, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, нависандагону шоирон ва ходимони дин мебошад, ки аз ормонҳои ҳазорсолаи халқи озодихоҳи мо, нияти неки мардуми ватандӯстамон ва хазинаи бузурги маънавии ниёгони некномамон сарчашма мегирад.