КУШОНИЁН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён бо мақсади амалӣ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳое, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ - ҳизби созандаву бунёдкор суҳбату вохӯриҳои нақшавии худро гузаронида истодааст.
Чунин вохӯрии судманд дар ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия бо саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Ҳомидов Мирзо” баргузор карда шуд, ки дар он эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, огоҳонидани мардум аз хатарҳои терроризму экстремизм, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ байни занону бонувон ва пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба иштирокдорон, ки аксарияташонро занону бонувон ташкил медод, таъкид карда шуд, ки бештар ба фарҳанги мардумӣ рӯ оваранд ва дар сарфаю сариштакорӣ дар оила саҳми арзанда гузоранд.