АНДЕША. Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ, сиюмин солгарди истиқлоли Ватани азизамон пешниҳод шуд. Дар суханрониашон Пешвои миллат бори дигар хотирнишон карданд, ки то замони истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекард ва имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41 адад, донишҷӯён ба 245000 ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285000 нафар расидааст.
Ҳамчунин, Роҳбари давлат иброз намуданд, ки охири соли гузашта барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтаринҳо метавонанд соҳиби он гарданд. Пешвои миллат қайд карданд, ки бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод менамоям, ки стипендияи онҳо аз 01,09,2021 сол ба андозаи 30% зиёд карда шавад.
Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73% ва дар соҳаи тандурустии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68%-ро занону бонувон ташкил медиҳанд. Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳанд.
Ҷавонон дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд дошта, дар ҷомеа нақши муассир доранд. Онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.
Агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ қариб 1000 иншооти варзишӣ фаъолият дошта бошад, пас соли 2020 шумораи онҳо ба 10220 адад расонида шуд. Яъне, шумораи иншоотҳои варзишӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 9 баробар зиёд гардидааст.
Соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад ва бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ бо Қарори Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ қабул гардидааст. Пешвои миллат иброз доштанд, ки «Ман ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам. Дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаю аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси 30-солагии Истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам зебо мегардонем. Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад».
Дадабоева Ҷамила, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ