БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

«БЕШАРАФӢ» ВА ХИЁНАТИ ОШКОРОИ МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН

АНДЕША. Чанд рӯз пеш тавассути тамоми шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ қисмати ҳафтуми филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» зери лавҳаи «Бешарафӣ» намоиш дода шуда буд.

Баъд аз тамошои ин филм ҳар як инсони солимфикру закӣ хуб метавонад дарк намояд, ки ин қисмати филм саҳифаи нави хиёнат ва хиёнаткориҳои роҳбари ташкилоти экстремистиву террористии собиқ Ҳизби Наҳзати Исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ бахусус, қаҳрамони манфии қисмати филми  Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад.

Ин хиёнаткорон ба он хиёнату ватанфурӯшие, ки нисбат ба давлату миллати худ намуданд, қаноат накарда боз аз чандин фарсахҳо дур аз ин Ватани аҷдодӣ шармандавор аз номусу ватандорӣ сухан мегӯянд. Воқеан ин суханпардозиҳои онҳо боиси шармандагист, зеро худи Муҳаммадиқболи Садриддин нафарест, ки номуси инсонӣ ва бадтар аз ҳама номуси мардии худро аз даст додаву оид ба ахлоқу рафторҳои ҳамидаи инсонӣ ҳарф мезанад.

Ҳошимов Тоҳир, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg