ПАНҶ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шифо» оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи тиб вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон нуктаҳои меҳварии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар ба самъи иштироккунандагон расонида, андешаҳои худро низ дар ин самт ироа намуданд. Қайд карда шуд, ки дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани накши занон дар ҷомеа, таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани савияи донишандӯзии наврасон ва иштироки онҳо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, сарфаву сариштакорӣ дар самти истифодаи неруи барқ, хадафи 4-уми стратегии кишвар, яъне саноатикунонӣ, баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат, пешгирии паҳншавии бемории сироятии «Covid-19» ва дигар масъалаҳои муҳимро дар Паёми навбатӣ ироа намуданд, ки ҷиҳати амалӣ гардидани он, мо низ кӯшиш намоем.