
МУЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо фаъолон ва истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи А.Партоев оид ба баррасии Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси олии мамлакат мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҳамчун нерӯи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи асосии таъмин кардани ҳадафҳои миллӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум андешаронӣ карда шуд.
Инчунин, дар ин раванд доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои дар ихтиёрдошта ба хотири саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар суханронӣ карда шуда, сокинон барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб раҳнамоӣ гардиданд.