БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБӢ БАҲРИ ТОЗАЮ ОЗОДА НИГОҲ ДОШТАНИ ҶОМЕА

ҶАЙҲУН. Дар доираи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии  “Лоҳутӣ” ва “Вахш”  бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани манзилҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо иштироки сокинони деҳаҳои болозикр ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.   

Дар ин чорабинии мазкур сокинон деворҳои манзилҳои истиқоматии худро рангубор ва ҷӯйҳои обгузарро аз алафҳои бегона тоза намуда, бехи ниҳолҳои ҳамешасабзу ороиширо нарму мулоим карданд. Бояд қай намуд, ки дар ин ҳашари дастаҷамъона зиёда аз 150 нафар сокинони деҳаҳои болозикр иштирок намуда, ҷавонон бештар фаъолнокии худро баҳри тозаю озода нигоҳ доштани ҷомеа нишон доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg