БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ БАҲРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН ВА ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ

ВОСЕЪ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо омӯзгорони  муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №49-и Ҷамоати деҳоти  ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ  доир гардид.

Дар он муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар баррасӣ карда шуд.     

Намояндагони ҳизбӣ оид ба Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, қайд намуданд, ки дар Паёми навбатӣ, Сарвари давлат фаъолияти кории тамоми соҳаҳои кишварро таҳлил ва баррасӣ намуданд. Махсусан таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба соҳаи маориф ва илм равона шуда буд. Дар замони истиқлолият дар ҷумҳурӣ 41 муассисаи таҳсилоти олӣ барои донишандӯзии толибилмон фаъолият намуда, зиёда аз 245000 донишҷӯ таҳсилро давом дода истодаанд. Ғайр аз ин зиёда аз 40000 донишҷӯёни тоҷик бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат  таҳсилро дар донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар давом дода истодаанд.

Ин иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор менамоянд, ки аз як гиребон сар бароварда, барои ободониву созандагӣ ва пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми худро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg