БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ УМУМИИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ДАР ХАТЛОН

ВИЛОЯТ. Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маҷлиси умумии намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор гардид ва дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб Дилафрӯзи Абдулло, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Беҳрӯз Бобоев, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва дигар аъзои ҳизб иштирок намуданд.

Нахуст, Дилафрӯзи Абдулло маҷлисро оғоз намуда, таъкид дошт, ки ҷавонони ватандӯсти кишвар дар марҳилаи нави созандагӣ ва рушди босуботи Ватан қарор дошта, барои татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош намуда истодаанд.

Сипас, Беҳрӯз Бобоев, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи  вилоятии ҳизб маърӯза намуда, аз ҷумла қайд дошт, ки дар соли сипаригардида аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва волонтёрон фаъолии худро дар ҳама самт нишон доданд. Моҳҳои сентябр ва октябри соли 2020 ҷиҳати тарғиб намудани Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президентӣ аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамоишҳо ва мулоқоту вохӯриҳои аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо олимону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят баргузор намуданд.

Дар ҷаласа интихоби роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан”, муовин, ҳайати Шӯро ва интихоби вакилон барои иштирок дар Кофренсияи 6- уми ташкилоти ҷамъиятии мазкур дар вилояти Хатлон муҳокимаронӣ шуда, Беҳрӯз Бобоев дар вазифаи роҳбарии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, Шомалангова Миҷгона ва Солеҳов Фаррух ба ҳайси муовин интихоб гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg