БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - САНАДИ ТАҚДИРСОЗ

ТЕМУРМАЛИК.  Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳнатобод” - и Ҷамоати деҳоти Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январ, самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, эмин нигоҳ доштани худ ва дигарон аз сироятёбии бемории COVID - 19 ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз машварати корӣ бо аъзои Ҳукумати кишвар ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи тоҷик” - ро риоя намудан бармеояд, вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни суханронӣ, намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - истиқлолияти энергетикӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад. Аз ин хотир мо бояд сарфакориро аз оилаи худ оғоз карда, дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузорем.

Дар ин баробар ба иштирокчиён Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” барои сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва Муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии (COVID - 19) дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg