Ш.ШОҲИН. Дирӯз якчанд нафар кормандони касбу кори гуногун бо аризаҳои хеш барои ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастан ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин муроҷиат намуданд.
Сараввал масъулини ҳизбӣ ба муроҷиаткунандагон суҳбат ороста, онҳоро бо Оиннома, Барнома ва Низомномаи ҲХДТ шиносониданд ва тибқи пешниҳоди ариза онҳоро ба сафи аъзогии ҳизб қабул намуда, дар фарҷоми суҳбат масъулини ҳизбӣ ба онҳо шаҳодатномаи ҳизбиашонро дар фазои тантанавӣ супориданд.