ЁВОН. Дар партави суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо иштироки аҳли ҷамоатчигӣ дар ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ фаъолони деҳаҳо, имомҳои масҷиди панҷвақта, падару модарон иштирок намуданд.
Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳматуллоев Мақсуд дар партави суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, махсусан сазовор истиқбол гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расидан ба қадри падару модар, анҷом додани корҳои савоб дар моҳи шарифи Рамазон, додани фитри рӯза ба шахсони яккаву танҳо, маъюбу оилаҳои камбизоат ва серфарзанд, истифодаи маблағи ҳаҷи такрориро барои корҳои хайру сахо, мусоидат намудан барои шароити арзандаи таълиму тарбияи фарзандон, пешгирии паҳншавии бемории ВНМО/СПИД, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия андешаронӣ карданд.
Дар охир раиси ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх Fафуров Абдурасул, сархатиби масҷиди марказӣ Шоев Бобохоҷа, директори муассисаи таълимии № 33 Обидова Давлатпочо суханронӣ намуда, итминон доштанд, ки тамоми дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсусан дар моҳи шарифи Рамазон бе ягон мамоният иҷро менамоянд.