БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ФАЪОЛОН ҚАДРШИНОСӢ ГАРДИДАНД

ВОСЕЪ. Дирӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар виляоти Хатлон  Ишмуродов Ҳакимҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  Сафар Ҳафиза Раззоқ, вакили Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳия Аттоева Гулбаҳор, аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҳизб, ҳамчунин, фаъолон, вакилони ҳизбӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Восеъ ва собиқадорони ҲХДТ баргузор гардид.

Дар маҷлис шаш масъала, аз ҷумла натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021, натиҷагирӣ аз ҷамъбасти обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози ҳалқ”, ҷамъбасти муқоисакунонии аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, таҳлили фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ, тасдиқи буҷа ва воҳидҳои корӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор кабул карда шуданд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ  баромад намуда, дар назди ҳозирин ҳисобот дод.

Доир ба масъалаи 2-юми рӯзномаи маҷлис мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия Мирзоева Гулрухсор баромад намуда, аз рафти ҷамъбасти муваффақонаи нақша  ба нашрияи ҳизбии “Минбари халқ” ба аъзои фаъоли ҳизб миннатдорӣ баён намуда, даъват ба амал овард, ки дар иҷроиши  нақшаи обунаи нашрияи “Ҳамрози халқ”, ки 10%-и он боқӣ мондааст, саҳми худро гузоранд.

Сипас, оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис, яъне муқоисакунонии аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Иботов Диловар гузориши муфассал дода, ҷиҳати баррасии масъалаи чорум, вакили Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳия Аттоева Гулбаҳор аз натиҷаи фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ ҳисоботи худро пешкаши аҳли толор намуд. Инчунин, мудири шуъбаи молия-сармуҳосиби КИумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафархони Муҳаббат вобаста ба масъалаи панҷуми рӯзномаи маҷлис тасдиқи буҷа ва воҳидҳои корӣ баромад намуда, якдилона қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Иботов Диловар оид ба масъалаи охири рӯзнома маълумот дод ва қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба овоз гузошта шуда, якдилона қарор қабул карда шуд.

Дар идома мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар виляоти Хатлон  Ишмуродов Ҳакимҷон миннатдории худро ба аъзои фаъоли ноҳия, ки барои амалисозии ҳадафҳои ҳизб саҳми худро гузоштаанд,  баён намуда, барои бартараф кардани  камбудиҳои ҷойдошта низ  ки ба мисоли сохта ба истифода додани ҳоҷатхона ва ҳаммом бо усули дренажӣ ва ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани нақшаи иҷроиши нашрияи “Ҳамрози халқ” ибрози ақида намуд.

Дар анҷоми маҷлиси Раёсат якчанд нафар  барои хизматҳои шоиста ва саҳми муносиб дар чорабиниҳои ҳизбӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ободонию созандагӣ бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg