БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

БАЛҶУВОН. Дирӯз дар Қасри  фарҳанги ноҳияи Балҷувон маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон бо иштироки раиси ноҳияи Балҷувон Ҷалилзода Шералӣ, муовини  аввали раиси ноҳияи Балҷувон Зоирзода Маърифар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон   Мирзозода Исуф Кавг, вакилони Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳия, аъзои Кумитаи иҷроияи, фаъолон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон ва собиқадорони ҲХДТ баргузор гардид.

Дар маҷлис натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021,

натиҷагирӣ аз ҷамъбасти обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “ Ҳамрози халқ”, ҷамъбасти муқоисакунии аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоӣ, таҳлили фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизби дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон, тасдиқи буҷа ва воҳидҳои кории Кумитаи иҷроия барои соли 2021, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, тасдиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 26.01.2021 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Зимни баррасии масъалаҳои пешниҳодшуда маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон қарорҳои дахлдор  ба овоз гузошта шуда, қарорҳо якдилона қабул карда шуд.

Дар идома раиси ноҳияи Балҷувон Ҷалилзода Шералӣ миннатдории худро ба аъзои фаъоли ноҳия, ки барои амалисозии ҳадафҳои ҳизб саҳми худро гузоштаанд, баён намуда,  аз шахсони масъули ҳизбӣ барои бӣоз ҳам пурзӯр кардани фаъолияти ҳизбӣ  даъват ба амал овард.  

Дар анҷоми ҷаласа якчанд нафар барои саҳми муносиб гузоштан дар чорабиниҳои ҳизбӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ободонию созандагӣ бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg