БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНДУРУСТӢ ЯКЕ АЗ СОҲАҲОИ МУҲИМТАРИНИ ИҶТИМОӢ МЕБОШАД

КӮШОНИЁН. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Кӯшониён  вохӯриҳо идома доранд. Яке аз чунин вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологӣ” доир шуд.

Дар вохӯрӣ масъулини ҳизб оид ба  Паёми навбатии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат, қайд намуданд, ки бо дарназардошти он ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлол маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, то 2,1 миллиард сомонӣ расонидааст.

Дар ин давра зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ тайёр карда шудаанд. Ҳоло дар соҳаи тандурустии кишвар қариб 110 ҳазор нафар кормандон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 75 ҳазор нафарашон табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ буда, беш аз 68 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Инчунин, дар идомаи суханрониҳояшон Пешвои миллат ба  кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, бори дигар сипосу миннатдории самимӣ баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg