БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Театр оинаи зиндагӣ ва инъикоскунандаи вазъи воқеии ҷомеа

ДАНҒАРА.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Театри ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  ва кормандони масъули он вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия  Каримов  Пирмаҳмад доир ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, сарфаҷӯёна истифода бурдани қувваи барқу оби нӯшокӣ ва пардохти саривақтии маблағи он, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  ба дарки ҷомеа расонидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати созанда ва ҳадафҳои олии ҲХДТ сухан  гуфта,  дар охир ба  як қатор  аъзои  нави  ҳизб дар вазъияти тантанавӣ билетҳои ҳизбиро супорид.

Аз ҷумла раиси кумита аз кормандони театр даъват бар амал овард, ки дар намоишномаҳои худ ҳамеша масъалаҳои баррасишударо инъикос намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg