БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғибу ташвиқи либоси миллӣ байни занону бонувон ба хотири гироми доштани арзишҳои миллӣ

ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯрию муло­қотҳо Кум­итаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ҷиҳати ­дар сатҳи баланд  ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ­ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо ташаббуси шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии хизбии "Айнӣ"   вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни баромад дар назди ҳозирин  мудири шуъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ноҳияви Нуралиева Мадина қайд намуд, ки либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст.
Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, рушду инкишоф додани он дар миёни мардум ва ба ин васила бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст.

Мо, тоҷикон мардуми сарфарозу соҳибдавлатем, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлол, ягона, ҳуқуқбунёд, забон, урфу одат ва либоси ба худ хос дорем.
Пас, шукронаи ин ҳама неъматҳои беназирро кард, ки онҳо бо ҷонбозиву шабзиндадориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Месазад, ки ин мероси арзишмандро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, бегазанд ба ояндагон меърос гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg