КӮШОНИЁН. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Раиси муаззами ХХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони масъули Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва гурӯҳи тарғиботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Дандонпизишк” бо аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизб ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва баромад намуда, қайд карданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26.01.2021 ироа гардид, тамоми мавзӯҳои муҳимми ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар бояд баҳри ободии сарзамини аҷдодиамон заҳмату меҳнат кунем.