БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2021 МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ҚУБОДИЁН. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён доир гардид.

Дар маҷлис аъзои Кумитаи иҷроия, фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, инчунин раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак, намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Илҳомҷон Ҳомидиён ва намояндаи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб  Асрори Саидшо  иштирок доштанд.

Дар маҷлиси мазкур фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021, натиҷагирӣ аз ҷамъбасти обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози ҳалқ”, муқоисакунонии аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, таҳлили фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён, тасдиқи аъзои нави Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳия, тасдиқи аъзои нави Кумитаи иҷроия, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроия барои соли 2021,  тасдиқи буҷа ва воҳидҳои корӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор кабул карда шуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб маҷлисро ҳусни оғоз бахшида,  аз рӯи масъалаи якум ва дуюми рӯзномаи маҷлис дар назди ҳозирин ҳисобот дод.

Доир ба масъалаи 3-юми рӯзномаи маҷлис аъзои гурӯҳи вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҳилолӣ Рудоба баромад намуда,  доир ба фаъолияти вакилон дар соли 2020  гузориши муфассал дод.

Дар идомаи маҷлис раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли сипаришуда андешаронӣ карда, барои  боз ҳам қавӣ  гардонидани фаъолияти ҳизбӣ дар тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҷамъомадагонро ҳидоят намуд. Илҳомҷон Ҳомидиён зимни суханронии хеш афзуд, ки бо дарки баланди масъулиятнокӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро зарур аст,   минбаъд низ вохӯриҳоро миёни ҷомеа бештар ба роҳ монда, барои ободонию созандагӣ ва шукуфоии Ватани азизи хеш саҳми арзандаи худро гузоранд. Барои муайян ва ҳал намудани проблемаҳои маҳал, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кӯшиш ба харҷ диҳанд. Инчунин, дигар баромадкунандагон низ доир ба масъалаҳои болозикр фикру андешаҳои хешро баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg