АНДЕША. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва мардуми шарифи Тоҷикистон, ки рӯзи 26.01.2021 ироа гадид, таҳкимбахши сулҳу ваҳдат, асоси рушду нумӯи ҷомеа, майянкунандаи самтҳои сиёсати дохилӣ ва берунии мамлакат, амалӣ сохтани мақсаду вазифаҳои дар пешгузошташуда ва ба ин васила расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, тадбиқ ва таҳия гардонидани як қатор барномаҳои давлатӣ, хоса фарогири ҳамаи самтҳои беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим равона карда шуда, барои тамоми мардуми мамлакат, алалхусус барои мо ҷавонони кишвар ҳамчун раҳнамо ва ҳидояткунанда пазируфта шуд. Мо ҷавонон Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизор будем ва тавонистем аз шунидани Паёми Пешвои миллат як ҷаҳон ғизои маънавӣ ба худ гирем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳар як баромаду гузоришҳояшон насли навраси кишвар-ҷавононро «хазинаи тиллоии миллат», «давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар», унвон кара, даъват ба амал меоранд, ки дар баробари омӯхтани забони давлатии хеш, забонҳои хориҷиро (аз ҷумла русӣ ва англисиро) аз бар намоянд. Воқеан ҳам кишвари соҳибистиқлоли мо дар даврони Истиқлолияти давлатии хеш, бо чандин созмонҳои байналмилалӣ ва бо як қатор донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон, шартномаи дутарафа дошта, ҳамасола ҷавонони зиёди кишвар аз рӯи ихтисосҳои гуногун дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ кишвар таҳсили илм менамоянд,
Мо ҷавонон бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳар як нуктаи Паёми Пешвои миллатро аз худ намуда, сармашки ҳаррӯзаи худ қарор медиҳем ва барои дар амал тадбиқ намудани он кӯшишу маҳорати хешро хаматарафа равона месозем. Дар тақвияти ғамхориҳои ҳамаҷониба ва дастгириҳои бемислонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавонон гуфта метавонем, ки насли даврони соҳибистиқлоли кишвар дар якҷоягӣ дар раванди таҷдиди ҷомеа, тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, ҳифз намудани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ватансозиву ватандорӣ такони ҷиддӣ бахшида, бо умеди ояндаи нек гуфтанием, ки зери роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо давлату Ҳукумат ҳамкории ҷиддӣ мекунем.
Ғанизода Абдуқодир, муовини директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто”