БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛИЁТИ УМУМИВИЛОЯТИИ «РӮЗИ ЁДОВАРӢ» АМАЛӢ ГАРДИД

ШАҲРИТУЗ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин дар деҳаҳои Меҳргон ва Ориёни Ҷамоати  деҳоти ба номи Худойназар Холматов дар оромгоҳи деҳаи Меҳргон бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Меҳргон” ва “Ориён” дар доираи амалиёти  умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид.

Дар чорабинии баргузоргардида Миралиён Қиёмиддин бо ҷамъомадагон атрофи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ   андешаронӣ карда, ҳамагонро барои татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуд.

Пас аз суҳбати самимона сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ машғул гардида, дохилу гирду атрофи оромгоҳи  деҳаро  аз алаф ва растаниҳои худрӯй, тоза кардани дарахтон аз шоху навдаҳои зиёдатӣ поккорӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg