БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - МЕҲВАРИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

АНДЕША. Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ яке аз падидаҳои нави муҳим дар идоракунии давлат ва амалинамоии сиёсати  давлатӣ баъд аз ба даст овардани истиқлолият буда, роҳнамо ва таҳкимбахши марому мақсади зиндагии мо ҷавонон аст. Хусусияти хоси санади мазкур дар он зоҳир мегардад, ки ин санад моҳияти сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дар ҳама соҳаҳои ҳаёт ҷамъиятию давлати фаро мегирад. Мо занону бонувони саодатманди кишвар бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ Паёми имсолаи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Маҷлиси Олии кишварро интизор будем. Зеро Паём саодатномаи миллат, меҳвари пешбарандаи ҷомеа, раҳнамои фаъолияту зиндагии мо занону бонувон буда, дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта,  ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.

Мо занону бонувони хушбахт сарфароз аз онем, ки дар Паёми имсола боз масъалаҳое, ки ба сиёсати давлатии занону бонувон алоқаманд мебошад, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт ва Ҳукумати мамлакат муваззаф гардид, ки ҷиҳати дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи мо занону бонувон чораҳои амалӣ андешад. Мо ифтихор ва сарбаланд аз онем, ки сазовори бовариву боэътимоди Пешвои миллат, Роҳбари муаззамамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаем. Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки занону бонувони даврони Истиқлолият, таҳаввулоти равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил намуда, барои омӯзиши илму донишҳои замонавӣ, техникаву технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, забонҳои хориҷӣ  пайваста талош мекунем. Дар навбати худ, мо занону бонувон вазифадорем, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати кишвар ҳарчи бештар ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғул шавем, то ки фардои Ватан ва ояндаи миллатро ободу осуда гардонида тавонем.

Бояд зикр намуд, ки ин нуктаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносӣ, руҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии мо занону бонувони хуштолеи диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, ки ба қадри неъматҳои бебаҳо ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии миллати хеш бирасем. Паёми  Президенти  кишвар ба Маҷлиси Олӣ таккондиҳанда ва илҳомбахшандаи фаъолияти мо занону бонувон дар ҷомеа гардида, мо занону бонувон масъулияти бузурги давлатдорӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоем. Барои рушду нумӯи рузафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан тадбирҳои судмандро андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти миллиро бо ташаббусҳои созанда ва ифтихори баланди ватандорӣ сазовор пешвоз гирифта, барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозем. Дар анҷоми андешаи худ боварӣ  дорам, ки занону бонувон Парчами ваҳдати миллӣ, сулҳу амнияти пойдор ва азму иродаи созандагиву бунёдкориҳоро баланд афрохта, доимо дар қатори мардон дар сафи пеши созандагони Ватан қадам гузошта, ҳамеша нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол бошем.

 Эшонқулова  Манзура, ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg