ҶАЙҲУН. Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насимахон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия суҳбату вохӯрӣ доир гардид.
Масъулин дар вохӯрии мазкур аз Паёми Пешвои миллат, иқтибосҳо оварда қайд намуданд, ки чуноне ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Паёми худ вобаста ба рушду тараққиёти мамлакат дар зар зарфи 29-соли соҳибистиқлолии мамлакат аз рӯи таҳлилҳои иқтисодию иҷтимоӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати кумаку дастгирии мардуми бо ору номус ва шарафманди тоҷик нисбат ба сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкориҳо баҳри таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори минатдорӣ ва бепоёни худро расониданд.
Ҳамчунин, дар идомаи Паём Сарвари давлат аз натиҷаи самараноки озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ҳамасола баргузор намудани озмуни “Илм фурӯғи маърифат аст”-ро эълон намуданд.