БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Пас аз шунидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон як неру ва боварӣ ба имрӯзу фардои мамлакат бахшид. Чӣ тавре ба ҳамагон маълум аст, дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии каронавирус  ва бархурди ҳадафҳои геопалитикӣ, тамадунҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва паст рафтани иқтисодиёт, афзоиш ёфтани бекорӣ вазъияти  саёра бозҳам печида гардид. Дар навбати аввал бо дарназардошти  коҳиш ёфтани даромади буҷети мамлакат маблағгузорӣ пеш аз ҳама ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ба соҳаи тандурустӣ  1 милиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шудаанд. Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақти шахсонӣ гирифтории Covid-19 , беш аз 30 - беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибоне равона гардидаанд. Илова ба ин 92 муассисаи тиббӣ бо 16  ҳазор кат омода карда шуд. Ҳамчунин  ба кулли сокинони кишвар, ки дар чунин давраи душвору вазнин сабру таҳаммул нишон дода, ба воҳимаву таҳлука наафтида  баръакс муттаҳид шуданд, ин ҳам бошад аз устувории сиёсати пешгирифтаи  Пешвои миллат ва пайравони ҲХДТ мебошанд.

Холиқов Назрулло,  узви  гурӯҳи таҳлилии назди  КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg