БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2021 МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ҲАМАДОНӢ. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ишмуродов Ҳакимҷон, аъзои Кумитаи иҷроия, фаъолон ва собиқадорони ҳизб, аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ, волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ноҳия баргузор гардид.

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ноҳия натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021, натиҷагирӣ аз ҷамъбасти обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ ва Ҳамрози халқ”, ҷамъбасти муқоисакунии аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, таҳлили фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, тасдиқи буҷа ва воҳидҳои корӣ, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.         

Маҷлис таҳти Раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия Ғаффорзода Давлатҷон гузаронида шуда, раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолони ҳизбро барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ободкорию созандагӣ даъват намуд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg