ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси татбиқи амалиёти умумивилоятӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ бо ташаббусии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Аксияи ҳизбӣ бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинии ҳизбӣ фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштироки фаъолона дошта, дар оромгоҳҳои Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Саидмумин Раҳимов, Танобчӣ, Кангурт, Қарақамиш ва Ҷамоати шаҳраки Совет тавассути ҳашарҳои дастаҷаъмона як қатор корҳои ободоинву созандагиро анҷом доданд. Иштирокчиёни чорабинӣ дохил ва гирду атрофи оромгоҳҳоро аз партову алафҳои бегона тоза карда, ниҳолҳои сояафкану ороиширо шинониданд. Чунин иқдоми неку созанда аз ҷониби сокинон бо руҳбаландии бепоён пазируфта шуда, онҳо изҳор доштанд, ки чунин амлҳои хайр дар ҳаққи гузаштагон бештар ба роҳ монда шаванд.