АНДЕША. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун Паёмҳои дигар ба сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти калон дода шудааст. Дар Паём омадааст: ”ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ -ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мост”.
Чунин баҳои хеле ва хеле арзишманди Пешвои миллат ба фаъолияти ҷавонони кишвар онҳоро барои амалӣ намудани сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯи тоза мебахшад. Имрӯз ба кадом соҳае назар накунем, дар он саҳми ҷавононро бараъло мебинем. Ҳамин ҷавононанд, ки дар иншооти азими аср Неругоҳи Барқӣ Обии “Роғун”, бунёди роҳу купрӮкҳо, корхонаҳои истеҳсолии мамлакат пурмаҳсул кор мекунанд. Саҳми ҷавонон дар солҳои охир дар рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад. Сол то сол дар мамлакат иншоотҳои варзишӣ зиёд мегардад ва ин болоравӣ дар ноҳияи Ховалинг ҳам ба мушоҳида мерасад. Имрӯз дар маркази ноҳия ва деҳаю маҳаллаҳои он варзишгоҳҳои хурду бузург барои оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим фаъолият доранд, ки аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба варзиш дарак медиҳад.
Имрӯз ҷавонони кишвар бо иштирокашон дар озмунҳои байналмилалӣ, мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ном ва шарафи Ватани азизамон - Тоҷикистонро баланд мебардоранд. Дар Паём Пешвои миллат бори дигар сокинони мамлакат, аз ҷумла ҷавононро аз вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромилӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, ҳушдор доданд.
Моро мебояд, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем ва ҳеҷ нагузорем, ки гурӯҳҳои ифротӣ ҳаёти осоиштаи мардуми моро халалдор созанд. Инро аз мо манфиати давлат ва халқамон талаб менамояд.
Исфандиёр Саидмаҳмудов, мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг