БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аз доираи ҳади инсонӣ берун шудан амали экстремистист

БОХТАР.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бақои давлат» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар ва Ҳакимова Волида доир ба татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  аз ҷумла муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст, Қаҳҳоров Искандар дар назди иштирокдорон оид ба муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ сухан ронда,   қайд намуд, ки дар замони муосир, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарзо зиёд ҳарф мезананду менависанд.

Маънои «экстремизм» аз калимаи франсузӣ «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андеша ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза берун шудан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон- дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён меояд. Дар Паёми  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки  мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд.

Дар идомаи суҳбат дигар баромадкунандагон фикру андешаҳои хешро оид ба масъалаи номбурда баён дошта, аз ҳозирин баҳри бартараф намудани амалҳои номатлуби ҷомеа ва муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизм  даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg