АНДЕША. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат аз 26 январи соли 2021, барои мардуми Тоҷикистон дар арафаи воқеан таърихӣ, сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар Паёми навбатии Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок арзёбӣ гардида, ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои зиёд намудани кишти зироатҳо, истеҳсоли маҳсулот, бахусус маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, ташкили гармхона, сардхонаҳо ва ба ин васила беҳтар намудани таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ ва коркарди он супоришҳои махсус дода шудааст.
Бо мақсади дастгирии кишоварзони мамлакат ва таъмини бозори истеъмолӣ, пешниҳоди Сарвари давлат ба тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод кардан ин иқдоми муҳим ва саривақтӣ хоҳад буд, зеро истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, барои захираи дусола имконият медиҳад, ки аз буҳрони шадиди иқтисодӣ беталафот баровардани аҳолии мамлакат равона карда шудааст. Ин талаботи Сарвари давлат аз хоҷагидорони асил вобастагии калон дорад.
Бо таъкиди Роҳбари давлат, бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тавре кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ кашанд.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об ширкатҳои соҳаро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои марбута вобаста ба ҳалли масъалаву мушкилоти соҳа, хусусан дар бобати баҳисобгирии истеҳсоли барқ, кам кардани талафот ва истифодаи таҷҳизоти барқии каммасраф тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ намоянд.
Дар Паёми имсола ба масоили тадрису таълим руҷӯи муфассал шуд ва соли қаблӣ ду озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ҳаёти аҳли Ватан дигаргунии зебои маънавӣ эҷод карда, ба мардум дар андухтани илму дониш таккони бузург бахшид.
Дар Паёми навин оғози озмуни ҷадид дар риштаи улуми дақиқ, риёзӣ, табиатшиносӣ бо унвони «Илм-фурӯғи маърифат» моро хеле хушнуд намуд.
Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, маркази миллии тестӣ ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд. Инчунин, ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда шавад.
Ҳамаи қисматҳои ҷомеа аз лутфу башоратҳои ҳамешагии Пешвои миллат ҳамчун субҳи ҳидояту офтоби ҳимоят бархурдоранд. Бо пешниҳоди Пешвои миллат 20 фоиз баланд бардоштани нафақаи кӯдакони маъюби синни 18 ва 50 фоиз баланд бардоштани нафақаи маъюбони гурӯҳи якум бозгӯи меҳру муҳаббати пайвастаи Пешвои миллати раъиятпарварамон мебошад.
Навкаров Санобаршо, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ