АНДЕША. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» санаи 26 январи соли ҷорӣ ба мардуми кишварамон ироа гардид. Дар Паём соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, идоракунии давлатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, коммуникатсия, кишоварзӣ, маориф, тиб, фарҳанг, занону ҷавонон ва ғайраҳо таҳлилу натиҷагирӣ карда шуда, дар назди масъулин вазифаву супоришҳои мушаххас гузошта шуданд.
Нахуст, зимни суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи мураккаби ҷаҳони имрӯза бемории сироятии КОВИД -19 ва таъсиру паёмадҳои воқеии он ба ҷомеа изҳори андеша намуда, аз аҳли ҷомеа даъват намуданд, ки минбаъд низ ба ин масъала бепарвоӣ накарда, ҷиҳати пешгирии он ҳамагуна қоидаҳои беҳдошти шахсиро риоя намоянд.
Зимни баромад қайд карда шуд, ки соли гузашта ду чорабинии бисёр муҳими сиёсӣ -интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Оид ба соҳаи роҳу нақлиёт таъкид гардид, ки дар ин самт 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ ва беш аз 2200 километр роҳҳои байналмилалӣ ба истифода дода шуданд.
Дар самти амнияти озуқавории кишвар заҳмати софдилонаи кишоварзон дар фаровонии маҳсулоти истеҳсолӣ баррасӣ гардид. Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд.
Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод карда шуд, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне дар соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд.
Дар самти “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” шумораи сайёҳон нисбат ба солҳои сипаригардида зиёд шуда, дар соли 2019 шумораи шаҳрвандони хориҷӣ ба 1 миллиону 260 ҳазор нафар расидааст.
Дар Паём диққати ҷиддӣ ба соҳаи илму маориф ва тандурустӣ дода шуд. Танҳо соли гузашта дар кишвар 157 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63 ҳазор ҷойи нишаст бунёд карда шуд. Ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани сифати таълим солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ” дар соҳаи илму маориф эълон гардиданд, ки ин ташаббус дар назди маорифчиён вазифаҳои мушаххас гузошта, барои рушду нумуи ин фанҳо мусоидат менамояд. Дар ин росто пешниҳод гардид, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наврасону ҷавонон ва олимону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” гузаронида шавад.
Вобаста ба дастгирии донишҷӯён ва магистрҳо пешниҳод гардид, ки аз 1 сентябри соли 2021 стипендияи донишҷуёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо 30 % зиёд карда шавад.
Соҳаи тандурустӣ низ таҳлил гардида, қайд карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 1300 муассисаҳои нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони тиббӣ тайёр карда шудаанд. Ҳоло дар соҳаи тандурустии кишвар 110 ҳазор нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 75 ҳазор нафарашон табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ мебошанд.
Ҳамасола, зимни ироаи Паём Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табақаҳои осеппазири ҷомеа маъюбон, нафақахӯрон, ятимон ва оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ин навбат низ дар самти дастгирии давлатии гуруҳҳои осеппазири аҳолӣ пешниҳод гардид, ки аз 1 сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз сини кӯдакӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 20 % зиёд карда шавад.
Яке аз масъалаҳои дигари Паёми имсола баланд бардоштани макоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа буд. Нақши занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос дар ҷомеаи имрӯза қайд карда шуда, имрӯз дар соҳаи маориф 73 % ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 %-ро ташкил медиҳад.
Қайд карда шуд, ки соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо мақсади истиқболи ин ҷашни бузург чорабиниҳову корҳои ободониву созандагӣ ба нақша гирифта шуда, ҳар яки мо бо нангу номуси баланди ватандорӣ, ҳисси худшиносии миллӣ ва хислатҳои неки созандаи худ вазифадорем, ки Ватани азизамонро ба кишвари аз ин ҳам ободу пешрафтатар табдил диҳем.
Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои мардуми кишварамон буда, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳизбиёни ноҳия баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳо ва ҳадафу мақсадҳои он саъю талош менамоянд.
Абдусаломзода Мунаввара, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён