БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ПАЁМ БА ФАЪОЛИЯТИ ЗАНОНУ БОНУВОН БАҲОИ АРЗАНДА ДОДА ШУД

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама Паёмҳояшон  ба  фаъолияти пурсамари занону бонувон баҳои арзанда дода,  аз меҳнату заҳмате, ки онҳо баҳри гулгулшукуфоии Ватан ва беҳбудии зисту зиндагии мардум ба иҷро мерасонанд, бо изҳори қаноатмандӣ ва миннатдорона сухан меронад. Дар Паёми навбатӣ, ки рӯзи 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи кишвар ироа гардид,  Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба фаъолияти пурсамари занону бонувон баҳои арзанда  дода,  қайд намуданд, ки сол то сол сафи занону бонувон дар ҳайати хизматчиёни давлатӣ, корҳои роҳбарикунанда, соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва фарҳанг зиёд мегардад.

Изҳори он нукта, ки дар куҷое зан роҳбар аст, дар он ҷо кор хубтару беҳтар ба иҷро расонида мешавад, руҳбаландии ман ва занону бонувони ноҳияро ба вуҷуд овард.

Пешвои миллат дуруст қайд карданд, ки аз ҳама зиёд занону бонувон ба сиёсати созанда, бунёдкорона, инсондӯстона, ятимпарварона ва  сулҳпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  содиқу ҷонфидоанд.

Изҳори сухани самимии Пешвои миллат, ки ман то вақте ҳастам дар ҳаққи занону бонувон ғамхорӣ менамоям,  моро барои боз ҳам хубтару беҳтар меҳнат намудан, саҳм гузоштан дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистони азиз ҳавасманду руҳбаланд гардонид. 

Насиба Ҳотамова, мутахассиси шуъбаи кор ба занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg