КӮШОНИЁН. Дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Шукруллозода Дилафрӯз бо раисони маҳаллаҳои ҳудуди Чамоати мазкур вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ Шукруллозода Дилафрӯз оид ба нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, омодагиҳо ба истиқболи 30 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба хизматӣ ҳарбӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон дар роҳи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ, дасти кумак дароз намудан ба шахсони ниёзманди ҷомеа, истифодаи сарфакорнаи неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он сухан гуфта, ҷамъомадагонро барои татбиқи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҳидоят намуд.