ҶАЙҲУН. Бо иштироки масулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Барқи Тоҷик” оид ба истифодабарии сарфакоронаи неруи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди нерӯи барқ, пардохти қарзи истифодаи нерӯи барқ, андешидани тадбирҳо баҳри беҳтар гузаронидани мавсими зимистон суҳбату вохӯриҳои рӯ ба рӯ доир намуданд.
Инчунин, масъулин аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки дар озмуни “Беҳтарин сарфакори барқ” иштирок намоянд.
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ масъулин ба сокини Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус ниқобҳои тиббӣ тақсимот карданд.